Баҳодур Шерализода ва Адҳам Мусаллам масоили марбут ба лоиҳаи грантӣ оид ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд

Июль 21, 2021 11:35

ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбари навтаъйини Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (БОҶ)  Адҳам Мусаллам баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили марбут ба лоиҳаи грантӣ «Таҳкими устувории ҷомеаҳои осебпазир ва озуқаворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани иқтидор ва диверсификатсияи воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Фонди Иқлими Сабз маблағгузорӣ мешавад, баррасӣ гардид.

Раиси Кумита Баҳодур Шерализода роҷеъ ба корҳои анҷомёфта ва вазифаҳои минбаъдаи БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, диққати намояндагони ташкилоти мазкурро ба амалӣ шудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ҷалб намуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амиқтар намудани ҳамкорӣ байни Кумита ва БОҶ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим дар доираи барномаи мазкур ва ташаккули иқтидори он дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Вохӯрии дуҷониба дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои баррасигардида ба мувофиқа расиданд.

 

Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Июль 21, 2021 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст