Ба раванди таълим нафарони ғайриихтисос низ ҷалб шудаанд,-бардошт аз нишасти матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз масъалаи муҳими соҳаи маориф таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои хуби соҳаи касбӣ мебошад. Мутаассифона, барои таъмин намудани сифат ҳанӯз ҳам дар соҳа мушкилиҳо боқӣ мондаанд. Дар баробари норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин нафарони ғайриихтисос низ ба раванди таълим ҷалб карда шудаанд, ки ин ба сифати таълим ва баланд бардоштани дониши фаннии хонандагон таъсири манфӣ мерасонад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2021-2022 2166 нафар пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 828 нафар кам мебошад. Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 2166 нафарро ташкил медиҳад, ки бештари онҳо аз фанҳои забони русӣ (229 нафар), забони англисӣ (274 нафар), математика ва геометрия (191 нафар), технологияи информатсионӣ (176 нафар), технология-таълими меҳнат (84 нафар), физика ва астрономия (82 нафар) мебошанд.
Дар ин бора 29 июл зимни нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Шоҳин Саидзода ба доираи васеи хабарнигорон хабар дод.
Зимни нишаст зикр шуд, ки Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ҷиҳати муайян намудани сифати таҳсилот ва донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар 499 муассисаи таълимӣ- 441 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 муассисаи таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ (литсей, гимназия), 20 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ санҷиши сатҳи сифати таҳсилот ва аттестатсияи давлатӣ гузаронид.
Натиҷаи санҷишҳо муайян намуд, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дар самти асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ тағйироти мусбат ба мушоҳида мерасад.


Вобаста ба сатҳи донишазхудкунӣ ё аз худ намудани барномаи таълимии хонандагон чунин хулоса карда шуд, ки сатҳи донишазхудкунӣ ё аз худ намудани барномаи таълимӣ (баҳоҳои 3, 4 ва 5) дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда 75,5 фоиз ва сифати дониш (баҳои 4 ва 5) 36,1 фоизро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ нест. Инчунин зикр шуд, ки омилҳои асосии паст рафтани сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ- ин норасоии омӯзгорони соҳибкасб, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудани пояи моддию техникӣ, аз ҷумла тибқи барномаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз нагардонидани кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои таълимӣ мебошад. Дар робита ба ин, теъдоди омӯзгорони ғайрикасбӣ, ғайриихтисос ва норасоии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда ба назар мерасад.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»






