Ба раванди таълим нафарони ғайриихтисос низ ҷалб шудаанд,-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Июль 30, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз масъалаи муҳими соҳаи маориф таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои хуби соҳаи касбӣ мебошад. Мутаассифона, барои таъмин намудани сифат ҳанӯз ҳам дар соҳа мушкилиҳо боқӣ мондаанд. Дар баробари норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин нафарони ғайриихтисос низ ба раванди таълим ҷалб карда шудаанд, ки ин ба сифати таълим ва баланд бардоштани дониши фаннии хонандагон таъсири манфӣ мерасонад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки эҳтиёҷ  ба  кадрҳои  омӯзгорӣ  дар  муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ  барои  соли  таҳсили 2021-2022  2166 нафар пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021  828 нафар кам мебошад.  Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 2166 нафарро ташкил медиҳад, ки бештари онҳо аз фанҳои забони русӣ (229 нафар), забони англисӣ (274 нафар), математика ва геометрия (191 нафар), технологияи информатсионӣ (176 нафар), технология-таълими меҳнат (84 нафар), физика ва астрономия (82 нафар) мебошанд.

Дар ин бора 29 июл зимни нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Шоҳин Саидзода ба доираи васеи хабарнигорон хабар дод.

Зимни нишаст зикр шуд, ки Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ҷиҳати муайян намудани сифати таҳсилот ва донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар 499 муассисаи таълимӣ-  441 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 муассисаи таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ (литсей, гимназия), 20 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ санҷиши сатҳи сифати таҳсилот ва аттестатсияи давлатӣ гузаронид.

Натиҷаи санҷишҳо муайян намуд, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дар самти асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ тағйироти мусбат ба мушоҳида мерасад.


Вобаста ба сатҳи донишазхудкунӣ ё аз худ намудани барномаи таълимии хонандагон чунин хулоса карда шуд, ки сатҳи донишазхудкунӣ ё аз худ намудани барномаи таълимӣ (баҳоҳои 3, 4 ва 5) дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда 75,5 фоиз ва сифати дониш (баҳои 4 ва 5) 36,1 фоизро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ нест. Инчунин зикр шуд, ки омилҳои асосии паст рафтани сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ- ин норасоии омӯзгорони соҳибкасб, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудани пояи моддию техникӣ, аз ҷумла тибқи барномаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз нагардонидани кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои таълимӣ мебошад. Дар робита ба ин, теъдоди омӯзгорони ғайрикасбӣ, ғайриихтисос ва норасоии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда  ба назар мерасад.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Соли 2024 ин грант ба 120 нафар занон барои рушди ҳунармандӣ ҷудо гардид
Дар Тоҷикистон 280 ҳазор нафар дар даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ба таълими касбӣ фаро гирифта шуданд
Сиёсати иҷтимоӣ самти муҳимтарини Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 мебошад
Дар Душанбе ҳамоиши шаҳрии гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор озмоишгоҳҳо барои илмҳои дақиқ ифтитоҳ гардиданд
Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба беш аз 11 ҳазор шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз ҷониби мақомоти судӣ 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Вазорати адлия соли 2025 Платформаи нави Сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба истифода медиҳад
Дар ноҳияи Қубодиён бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ ба истифода дода шуд
Шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳаҷми 101,9 миллион сомонӣ маснуоти саноатӣ истеҳсол намудаанд

Маводҳои таҳлилӣ