Барои истироҳати бофароғат ва машғулиятҳои тобистонаи хонандагони ноҳияи Шаҳринав шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
ШАҲРИНАВ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбияи дурусти наврасон ва муҳайё намудан барои истироҳати бофароғати хонандагон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорону хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ дар назди 6 муассисаи таълимӣ 310 нафар наврасону кӯдаконро ба истироҳату машғулиятҳои тобистона фаро гирифтанд.
Сарнозири меҳнати иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳринав Абдулоиқ Саидов изҳор дошт, ки масъулини маорифи ноҳия хонандагонро аз оилаҳои камбизоат, ятимон ва хонандагони фаъол ба лагерҳои наздимактабӣ ҷалб карда, барои онҳо хӯроки гарм ва шароити мусоид таъмин намуданд.
Директори муассисаи таълимии №15-и ноҳия Назокат Қурбонова мегӯяд, ки «дар муассисаи таълимии мо бо ташаббуси соҳибкорону хоҷагидорон ва маблағҳои давлатӣ шароити хуби истироҳат муҳайё намуда, 50 нафар ятиму камбизоату хонандагони фаъол ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд. Мураббияҳо дар байни истироҳаткунандагон озмунҳои гуногун аз қабили «Офарин», «Кани бачаҳо», «Чароғаки раҳнамо» ва «Ки пештар»-ро доир намуда, ҳамроҳи онҳо бо китобхонию хушнависӣ ва обозию дигар машғулиятҳои варзишӣ машғул шуданд, ки дар рушди зеҳнияти кӯдакону наврасон таъсири мусбат мерасонад».
Тибқи иттилои масъулини соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳринав, дар баробари лагерҳои наздимактабӣ 15 нафар фарзандони омӯзгоронро ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» роҳхат додаанд. Ҳамчунин 30 нафар хонандагони синфҳои болоӣ аз ҳисоби писарон дар лагери сайёҳии серӯза дар Ҷамоати деҳоти Сабо истироҳати бофароғат намуданд.
Аксҳо аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав











Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






