Барои истироҳати бофароғат ва машғулиятҳои тобистонаи хонандагони ноҳияи Шаҳринав шароити мусоид фароҳам оварда шудааст

Июль 7, 2021 09:25

ШАҲРИНАВ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбияи дурусти наврасон ва муҳайё намудан барои истироҳати бофароғати хонандагон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорону хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ дар назди 6 муассисаи таълимӣ 310 нафар наврасону кӯдаконро ба истироҳату машғулиятҳои тобистона фаро гирифтанд.

Сарнозири меҳнати иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳринав Абдулоиқ Саидов изҳор дошт, ки  масъулини маорифи ноҳия хонандагонро аз оилаҳои камбизоат, ятимон ва хонандагони фаъол ба лагерҳои наздимактабӣ ҷалб карда,  барои онҳо хӯроки гарм ва шароити мусоид таъмин намуданд.

Директори муассисаи таълимии №15-и ноҳия Назокат Қурбонова мегӯяд, ки «дар муассисаи таълимии мо бо ташаббуси соҳибкорону хоҷагидорон ва маблағҳои давлатӣ шароити хуби истироҳат  муҳайё намуда, 50 нафар ятиму камбизоату хонандагони фаъол  ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд.  Мураббияҳо дар байни  истироҳаткунандагон озмунҳои гуногун аз қабили  «Офарин», «Кани бачаҳо», «Чароғаки раҳнамо» ва  «Ки пештар»-ро доир намуда, ҳамроҳи онҳо бо  китобхонию хушнависӣ ва  обозию дигар машғулиятҳои варзишӣ машғул шуданд, ки дар рушди зеҳнияти кӯдакону наврасон таъсири мусбат мерасонад».

Тибқи иттилои масъулини соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳринав, дар баробари лагерҳои наздимактабӣ 15 нафар фарзандони омӯзгоронро ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» роҳхат додаанд. Ҳамчунин  30 нафар хонандагони синфҳои болоӣ аз ҳисоби писарон   дар лагери сайёҳии  серӯза  дар Ҷамоати деҳоти Сабо истироҳати бофароғат намуданд.

     Аксҳо аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав

Июль 7, 2021 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд