Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноат беш аз 300 нафар соҳибкорон аз намоишгоҳҳои хориҷӣ боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони ҳамкор бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 30 нафар соҳибкорони ватанӣ бевосита ва беш аз 350 нафар соҳибкорон ба таври маҷозӣ аз намоишгоҳҳои хориҷӣ дидан намуданд. Дар ин хусус 14 июл муовини аввали Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Аз ҷумла, доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва намояндагони корхонаю ширкатҳои истеҳсолӣ, назири «Армуғон», Комбинати Шири Кӯлоб, Кооперативи истеҳсолии Имоми Аъзам, «Авангард», «Сайфи Қодир», Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи март дар шаҳри Биг Ноидаи Ҳиндустон дар Намоишгоҳи байналмилалии хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои «INDUS FOOD – 2021» иштирок намуда, бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ гуфтушунид намуданд.
Инчунин дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи «Namaskar Eurasia Expo», ки дар шакли видеоконфронс доир гардид, роҳбарияти палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Ҳиндустон, инчунин корпусҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ширкат варзида, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории мутақобилан судмандро матраҳ намуданд.
Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати мамлакат гуфт, ки соли равон ба узвияти Палата 14 корхонаю ташкилоти нав ҷалб гардида, дар маҷмӯъ аъзои Палата ба 849 нафар адад расонида шуд, ки 319 нафар ба шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ, 272 нафар ба Суғд, 224 нафар ба Хатлон ва 34 нафар ба Бадахшон рост меояд.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Палатаи савдо ва саноати мамлакат Насимҷон Анваров зикр намуд, ки имсол Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон тасмим гирифтааст мувофиқи нақшаи корӣ чорабиниҳоро ҷиҳати амалӣ намудани супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии ҷумҳурӣ, инчунин барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар ва амалӣ намудани барномаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






