Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноат беш аз 300 нафар соҳибкорон аз намоишгоҳҳои хориҷӣ боздид намуданд

Июль 14, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони ҳамкор бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 30 нафар соҳибкорони ватанӣ бевосита ва беш аз 350 нафар соҳибкорон ба таври маҷозӣ аз намоишгоҳҳои хориҷӣ  дидан намуданд. Дар ин хусус 14 июл муовини аввали Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Аз ҷумла, доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва намояндагони корхонаю  ширкатҳои истеҳсолӣ, назири «Армуғон», Комбинати Шири Кӯлоб, Кооперативи истеҳсолии Имоми Аъзам, «Авангард», «Сайфи Қодир», Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи март дар шаҳри Биг Ноидаи Ҳиндустон дар Намоишгоҳи байналмилалии хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои «INDUS FOOD – 2021» иштирок намуда, бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ гуфтушунид намуданд.

Инчунин дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи «Namaskar Eurasia Expo», ки дар шакли видеоконфронс доир гардид, роҳбарияти палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Ҳиндустон, инчунин корпусҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ширкат варзида, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории мутақобилан судмандро матраҳ намуданд.

Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати мамлакат гуфт, ки  соли равон ба узвияти Палата 14 корхонаю ташкилоти нав ҷалб гардида, дар маҷмӯъ аъзои Палата ба 849 нафар адад расонида шуд, ки 319 нафар  ба шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ, 272 нафар ба Суғд, 224 нафар ба Хатлон ва 34 нафар ба Бадахшон рост меояд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Палатаи савдо ва саноати мамлакат Насимҷон Анваров зикр намуд, ки имсол Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон тасмим гирифтааст мувофиқи нақшаи корӣ чорабиниҳоро ҷиҳати  амалӣ намудани супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии ҷумҳурӣ,  инчунин барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар ва амалӣ намудани барномаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.

Июль 14, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?
Муҳлати лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029 тамдид карда шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд
Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд
Табодули мол байни Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба 2,1 миллиард доллар расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тақвият меёбад
Дар Бишкек ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор гардид
Хуршед Мирзо ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти зеҳни сунъӣ дар ҷаласаи вазирони СҲШ муаррифӣ намуд
Дар Тоҷикистон намояндагии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ифтитоҳ меёбад
Дар ноҳияи Рашт дар 1650 гектар замин картошка кишт карда мешавад