Бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат дар Ҳисор як зумра иншоот ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабарорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар кӯчаи ба номи Неъмат Қаробоеви маҳаллаи Шарқ маркази хизматрасонӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ифтитоҳ гардид, ки он аз ҷониби табиб Шодӣ Шарифов дар шафати ҳавлии истиқоматиаш сохта шуда, аз толорҳои барҳавои бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ барои ивази равған, таъмири чархҳо, шустушўйи мошинҳо ҷиҳозонидашуда иборат мебошад ва хоҳишмандон тариқи шартнома метавонанд аз он истифода баранд.
Инчунин дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор майдончаи варзишӣ барои футболи наврасон, ки аз ҷониби соҳибкорон Неъматулло Файзуллоев ва Умеҷон Аловиддинов бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд. Майдонча барои наврасони синни то 12-солаи маҳаллаи мазкур пешбинӣ гардидааст. Дар ин маҳалла ҳамзамон муовини Сарвазир ва Раиси шаҳр ду бинои баландошёнаи истиқоматии 10- ошёнаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода аз ҳавлӣ ва якчанд ҳуҷраҳои истиқоматии ошёнаҳои якум ва дуюми биноҳо дидан намуда, ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин муовини Сарвазири мамлакат дар маросими ифтитоҳи ду иншооти соҳаи тандурустӣ дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод иштирок намуд. Ин иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба истиқболи ҷашни истиқлол аз ҷониби соҳибкорон сохта шудааст. Бинои нав дар шафати собиқ муассиса ҳамчун бинои иловагӣ бунёд ёфта, аз ҳуҷраҳо барои қабул, доругузаронӣ, иммунизатсия ва момодоягӣ иборат аст ва барои фаъолияти бемамонияти 16 нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат мусоидат мекунад.
Зимни муаррифӣ иттилоъ доданд, ки марказ дар тобеъияташ ду бунгоҳи тиббӣ дошта, барои аҳолии деҳаҳои Гачак, Бағалак, Лангар, Содиқӣ, Деҳқонобод, Шодмон ва Хоҷамӯсо хизмати тиббӣ мерасонад.
Инчнин дар деҳаи Содиқии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод иншооти бунёднамудаи соҳибкор Қиёмиддин Ҳоҷиев мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти хизматрасонӣ аз ду ошёна бунёд гардида, дар ошёнаи якуми он мағозаи хӯрокворӣ ва марказ иборат буда, дар ошёнаи дуюми бино коргоҳи хурди дӯзандагӣ ва бунгоҳи тиббӣ ҷойгир шудааст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ 8 нафар духтарони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва дар умум 11 нафар ба кор фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчунин дар деҳаи Турдибобои Ҷамоати деҳоти Дурбат мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобилҳои сабукрав, нуқтаи таъмир ва шустушӯйи мошинҳо, ки аз ҷониби сокини ҳамин ҷамоат Файзалӣ Сангов сохта шудааст, ба истифода дода шуд, ки он коргоҳҳои таъмиру толорҳо барои фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобил иборат буда, беш аз 10 нафар ҷавононе, ки малакаи касбии техникиро соҳибанд ба кори доими ҷалб ва бо маоши хуб таъмин гардидаанд.
Муовини Сарвазир ва Раиси шаҳри Ҳисор зимни ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ба соҳибкорон дар амалишавии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи Барномаи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бартараф кардани мушкилоти мардум дар деҳот мусоидат менамояд, ҳамчунин, саҳми муносиб гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ арзи сипос карда, бо Сипосномаи Раиси шаҳри Ҳисор қадрдонӣ намуданд.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор












Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд






