Бо мақсади табодули таҷриба дар самти ташхис ва табобати COVID-19 миёни табибони Тоҷикистон ва Чин видеоконфронс доир шуд

Июль 16, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл бо мақсади   табодули таҷриба дар самти пешгирӣ, ташхис ва табобати гирифторони бемории COVID-19 бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин видеоконфронс доир гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» итилоъ доданд,   Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки баргузории чунин конфронсҳо имкон медиҳад, ки табибони ду давлат  ҷиҳат  ташхису табобати бемории коронавирус табодули таҷриба намоянд. Зеро таҷрибаи табибони Ҷумҳурии  Мардумии Чин воқеан ҳам дар самти ташхис ва табобати ин беморӣ намунаи ибрат ва қобили омӯзиш мебошад.

Дар идомаи видеоконфронс мутахассисони ду кишвар вобаста ба усулҳои нави ташхис ва табобати бемории мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Июль 16, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид