Бо мусоидати Намояндагии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллион маблағи қарзи музди меҳнати муҳоҷирон пардохт карда шуд

Июль 15, 2021 14:55

ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират зиёда аз 10 миллион маблағи қарзи музди меҳнати муҳоҷирон аз ҷониби корфармоён пардохт карда  шуд.

Дар ин бора масъули бахши матбуоти Намояндагии мазкур Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

— Дар нимсолаи аввали соли 2021 ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 88  нафар   барои баргардонидани маблағи қарзи музди маошашон — 14544681,00 рубли русӣ муодил ба 2181702,00 сомонӣ муроҷиат намуданд. Дар ин давра аз ҷониби Намояндагӣ 10950272, 00 рули русӣ, яъне 75,3% маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ бозгардонида шудааст. Намояндагӣ барои  пардохти бақияи маблағи зикршуда ба шаҳрвандони мо, ки   3594409,00 рубли русӣ, яъне 24,7% -ро ташкил медиҳад,  бо мақомоти марбутаи Федератсияи Россия кор бурда истодааст, — афзуд Каримҷон Салимзода.

Ёдовар мешавем, ки  дар Федератсияи Россия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират фаъолият мекунад, ки он дар суроғаи шаҳри Москва, кӯчаи  2-юми  Тверская — Ямская, бинои  40\3,  қатори  1, бинои  201, 207, 214 воқеъ гардидааст.   Дар ҳолатҳои  зарурӣ шаҳрвандони мо  метавонанд барои кумак ба Намояндагӣ бо  телефонҳои зерин:  +7 (495) 967-98-44 , тел.моб: 8 926 255 0927, сомонаи расмии  www.tajmigration.ru. почтаи электронии  prmstJ@mail.ru. муроҷиат намоянд.

 

Акс аз манбаъҳои боз

Июль 15, 2021 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд