Бо мусоидати Намояндагии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллион маблағи қарзи музди меҳнати муҳоҷирон пардохт карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират зиёда аз 10 миллион маблағи қарзи музди меҳнати муҳоҷирон аз ҷониби корфармоён пардохт карда шуд.
Дар ин бора масъули бахши матбуоти Намояндагии мазкур Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
— Дар нимсолаи аввали соли 2021 ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 88 нафар барои баргардонидани маблағи қарзи музди маошашон — 14544681,00 рубли русӣ муодил ба 2181702,00 сомонӣ муроҷиат намуданд. Дар ин давра аз ҷониби Намояндагӣ 10950272, 00 рули русӣ, яъне 75,3% маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ бозгардонида шудааст. Намояндагӣ барои пардохти бақияи маблағи зикршуда ба шаҳрвандони мо, ки 3594409,00 рубли русӣ, яъне 24,7% -ро ташкил медиҳад, бо мақомоти марбутаи Федератсияи Россия кор бурда истодааст, — афзуд Каримҷон Салимзода.
Ёдовар мешавем, ки дар Федератсияи Россия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират фаъолият мекунад, ки он дар суроғаи шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверская — Ямская, бинои 40\3, қатори 1, бинои 201, 207, 214 воқеъ гардидааст. Дар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандони мо метавонанд барои кумак ба Намояндагӣ бо телефонҳои зерин: +7 (495) 967-98-44 , тел.моб: 8 926 255 0927, сомонаи расмии www.tajmigration.ru. почтаи электронии prmstJ@mail.ru. муроҷиат намоянд.
Акс аз манбаъҳои боз








Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе муаррифӣ карда шуд
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён






