Бо ташаббуси ҳизбиён корҳои таъмирӣ ва бунёди сифхонаҳои иловагӣ дар мактабҳои ноҳияи Фархор ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 03.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ноҳияи Фархор бо ташаббуси ҳизбиён сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ ҷараён дорад. Онҳо ният доранд, ки корҳои сохтмониро дар кутоҳтарин муҳлат ба анҷом расонанд, то дар соли хониши 2021-2022 хонандагон дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Бо саҳмгузории аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ва кумитаи падару модарон, дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба ифтихори 30- солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои таъмирӣ ва бунёди сифхонаҳои иловагӣ идома дорад.
Ба иттилои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ, ҳамарӯза аъзои фаъоли ҳизб дар ҳамбастагӣ бо кумитаи падару модарони муассисҳои таълимии ноҳия тариқи ҳашар корҳои сохтмониро вусъат мебахшанд.
Мавриди зикр аст, ки бахшида ба ин санаи таърихӣ чунин ташаббусҳои ҳизбӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ роҳандозӣ шудааст.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






