Бонки миллӣ ба бошандагони «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» кумак намуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Иди саиди Қурбон бо риояи анъанаи неки дерин ва такя ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд, беморон, маъюбон ва ятимон барои бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» дастурхони идона ороста, барояшон маводи ғизоӣ дастрас намуд.
Тавре аз Бонки миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, роҳбарияти БМТ бошандагони муассиса, табибону парасторони ин даргоҳро бо Иди саиди Қурбон муборакбод гуфта, ғамхорӣ ва дастгирии ятимону бепарасторон ва ниёзмандонро яке аз рукнҳои муҳими ин ҷашн маънидод намуд.
Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар арафаи идҳо пайваста ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа дасти кумак дароз мекунад ва дар оянда низ ин суннати ниёгонро идома хоҳад дод. Масъулини Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» барои ғамхориҳои пайваста, ки аз сиёсати иҷтимоӣ ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, изҳори сипос намуданд. Дар баробари ин, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон новобаста аз иду айём аз шароит ва сатҳу сифати зиндагии бошандагони муассисаи мазкур мунтазам дидан мекунанд.
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон сарпарастии Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор»-ро ба уҳда гирифта, баҳри беҳбуд бахшидани шароити будубош ва болидарӯҳии бошандагон ва кормандони он пайваста талош менамояд.
АКС аз БМТ








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






