Бонки миллии Тоҷикистон тавонист сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад,-бардошт аз нишасти матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз таъсири пандемияи СOVID -19 ва дигар омилҳои тағйирёбанда Бонки миллии Тоҷикистон тавонист сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад. Чунин гуфт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷамъи хабарнигорон имрӯз дар Душанбе.
Мавсуф афзуд, ки сиёсати самараноки қурбӣ дар реҷаи шинокунандаи танзимшаванда имкон фароҳам овард, ки дар ин давра қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муътадил нигоҳ дошта шавад.
Мавриди зикр аст, ки қурби пули миллӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт (аз 11 3000 то ба 11 3210). Нишондиҳандаи мазкур дар қиёс ба соли гузашта 6,2 банди фоизӣ кам мебошад.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти БМТ дар ин давра Ҳоким Холиқзода зикр намуд, ки БМТ ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши молиявию бонкӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ равона намуд.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






