Бонки миллии Тоҷикистон тавонист сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад,-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Июль 22, 2021 14:26

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз таъсири пандемияи СOVID -19  ва дигар омилҳои тағйирёбанда Бонки миллии Тоҷикистон тавонист  сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад. Чунин гуфт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷамъи хабарнигорон имрӯз дар Душанбе. 

Мавсуф афзуд, ки  сиёсати самараноки  қурбӣ  дар реҷаи шинокунандаи  танзимшаванда имкон фароҳам  овард, ки  дар ин давра  қурби пули миллӣ  нисбат ба асъори  хориҷӣ  муътадил нигоҳ дошта шавад.

Мавриди зикр аст, ки қурби пули миллӣ  дар ин давра  муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ  нисбат  ба доллари амрикоӣ танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт (аз 11 3000 то ба 11 3210). Нишондиҳандаи мазкур  дар қиёс ба соли гузашта  6,2 банди фоизӣ кам  мебошад.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти БМТ дар  ин давра Ҳоким Холиқзода зикр намуд, ки   БМТ  ҳамчун мақоми танзимкунандаи  бахши молиявию бонкӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон  татбиқи сиёсати пулию  қарзӣ ва асъориро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили  нархҳои дохилӣ равона намуд.

Июль 22, 2021 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Могилёви Беларус Харитаи роҳ оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид
Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти ташхисии соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад
Дар Бадахшон беш аз 1 тонна молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлатгузашта нобуд карда шуд
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Вашингтон дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ иштирок намуд
АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия мебошад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1260 то 0.1270 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд