COVID-19: Ба зиёда аз 480 ҳазор гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа пардохти кумакпулии якдафъаина пешбинӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 20.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 480 ҳазор гурӯҳҳои гуногуни осебпазири ҷомеа пардохти кумакпулии якдафъаина ба андозаи 400 сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба 149 ҳазору 856 нафар оилаҳои камбизоати шарҳу ноҳияи ҷумҳурӣ он пардохт шуд. Дар ин бора муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба зикри мавсуф, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд аз 31 майи соли 2021 (гранти №D777-TJ) «Оид ба маблағгузории дуюми иловагӣ барои «Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд. Илова ба ин, Дастурамал дар бораи таъйин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоат аз ҷониби вазорат дар ҳамҷоягӣ бо кормандони «Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Инчунин он бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардида, барои корбарӣ ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ирсол гардид.
«Тибқи Созишномаи маблағгузорӣ ба кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ оилаҳои камбизоате, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 7-сола доранд, хонаводаҳое, ки тибқи ҳуҷҷати дахлдори мақомоти худидораи маҳаллӣ занҳо сардори оила эътироф гардида, дар ҳайати худ кӯдакони аз 7 то 16-сола доранд, ҳуқуқи гирифтани кумакпулии иҷтимоии якдафъаина доранд.
Оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон шаҳодатномаи таваллуд ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбӣ надоранд, барои ба кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намудан бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат намуда, шаҳодатномаи таваллуд ё ҳуҷҷати маъюбиро гирифта, барои ворид намудан ба махзани ягонаи иттилоотии барнома ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намоянд»,- гуфт Шодихон Ҷамшед.
Хонаводаҳои дорои кӯдакони хурдсоли то 3-сола, ки дар марҳилаи якуми татбиқи Лоиҳаи ТЕС-19 (аз моҳи июни соли 2020 то моҳи апрели соли 2021) кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ гирифтанд, дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ ҳуқуқи такроран (дубора) гирифтани чунин кумакпулиро надоранд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






