Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ШВКХ ба Тоҷикистон ташриф овард

Июль 12, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 10 июл Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Владимир Норов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии (ШВКХ) СҲШ, ки 13-14 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

11 июл дар доираи сафар Владимир Норов ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос гардид.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар мулоқоти Дабири кулли СҲШ Владимир Норов бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар назар буда, интизор меравад, ки ӯ дар вазорати корҳои хориҷӣ маърӯза  намояд.

Владимир Норов инчунин 13-14 июл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ иштирок менамояд.

 АКС аз котиботи СҲШ дар Пекин

Июль 12, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард