Дар ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Асадулло Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи мазкур 11 километр роҳи мошингард ба истифода дода шуда, сохтмони як зумра иншооти дигари ҷашнӣ, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сурат мегиранд, оғоз гардиданд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сангтуда дар фурсати кутоҳ ва ҷавобгӯ бо стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, ронандагон бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки «пештар аз сабаби вайрон будани роҳ қисмҳои эҳтиётии нақлётамон зуд фарсуда гашта, маблағи зиёд барои таъмири он сарф мекардем. Ҳоло ин мушкилӣ бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони саховатпеша бартараф гаридид, роҳҳо таъмир шуданд, акнун роҳи 40 дақиқаро дар 20 дақиқа бе мушкилӣ тай мекунем».
Дар ин амали нек соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов нақши арзанда гузошт. Номбурда чунин бунёдкориҳоро дар дигар гӯшаҳои диёр низ анҷом додааст.
Дар ин рӯз, ҳамзамон татбиқи лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ барои чорво ва сокинон дар деҳаи Навобод оғоз гардид.
-Солҳои тулонӣ дар деҳа норасоии об вуҷуд дошт, инак ин мушкилии мо бартараф мегардад. Обу ободонӣ мегӯянд, акнун деҳаи мо аз ин бештар сабзтару ободтар мешавад,- мегӯянд бо хушҳолӣ сокинони деҳа ва миннатдории худро ба ҳамаи онҳое, ки дар ин ободкориҳо саҳм доранд, баён намуданд.
Хати оби нӯшокӣ барои 377 оила пешбинӣ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки дар наздиктарин фурсат деҳаҳои атроф низ бо об таъмин карда шаванд.
Баъдан гурӯҳи корӣ дар муассисаи таълимии №29 бо сокинони деҳа мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода миннатдории хешро ба соҳибкорон расонид ва афзуд, ки «иншооти бунёдшуда солҳо ба сокинон хидмат мекунад. Инфрасохтори деҳот рушд карда, симои шаҳраку деҳот дигар мегарданду ҷойҳои нави корӣ низ пайдо мешаванд».
Роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Асадулло Раҳмон миннатдории хешро ба соҳибкорон расонид ва афзуд, ки «дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, бунёду навсозии роҳу пул, иншооти маъмурии ҷамъиятӣ дар ноҳия ба истифода дода шудааст. Ин тадбирҳо ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд».
Дар анҷоми чорабинӣ ба соҳибкор Қиёмиддин Чориқулов ҷоизаи «Ободгари Ватан» ва ба як зумра соҳибкорону сохтмончиён ва механизаторон сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.















Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






