Дар Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори суғурта дар соли равон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 30 июни соли равон дар ҷумҳурӣ 19 ташкилоти суғуртавӣ амал намуда, дороиҳои онҳо ба санаи ҳисоботӣ беш аз 513 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,1 фоиз зиёд гардидааст. Чунин зикр шуд дар ҷаласаи корие, ки таҳти раёсати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти бозори суғуртавӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳои навбатӣ барои шашмоҳаи дуюми соли 2021 доир гардид. Аз БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа намояндагони ташкилоти суғуртавии кишвар ва роҳбарони сохторҳои БМТ ширкат намуданд.
Раиси БМТ бозори суғуртаро яке аз бахшҳои муҳими низоми молиявӣ дар ҷаҳони муосир арзёбӣ намуд, ки он дар шароити муносибатҳои бозорӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Зикр шуд, ки БМТ ҳамчун мақоми танзимгар бо андешидани тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, танзим ва рушди самараноки хизматрасонии суғуртавӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон ва давлат дар рушди бозори суғуртаи кишвар саҳми босазо мегузорад. Таҳлили бозори суғурта ва нишондиҳандаҳои ташкилоти суғуртавӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки бахши суғурта дар бозори молиявии кишвар мақоми худро устувор мегардонад. Дар шашмоҳаи якуми соли равон ҳаҷми сармоягузориҳои ташкилоти суғуртавӣ ба низоми молиявӣ 294,1 миллион сомониро ташкил намуд, ки аз он 258,8 миллион сомонӣ ба саҳмияҳои дигар ташкилот, 34,0 миллион сомонӣ ба пасандозҳои ташкилоти қарзӣ ва 1,3 миллион сомонӣ ба дигар сармоягузориҳо рост омада, ташкилоти суғуртавӣ дар давраи ҳисоботӣ ба буҷаи давлат 9,8 миллион сомонӣ андоз пардохт намуданд ва ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 71,7 фоиз зиёд мебошад.
Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода таъкид кард, ки таъмини иҷрои саривақтии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)» имкон дод, ки сармояи оинномавии ташкилоти суғуртавӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон ба маблағи беш аз 232 миллион сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли гузашта ба андозаи қариб 90 фоиз зиёд гардад. Ҳамзамон ба бозори суғуртаи кишвар ворид гардидани 2 ташкилоти суғуртавии навтаъсис (бо маблағи умумии сармояи оинномавӣ 22,0 миллион сомонӣ) ба ин раванд мусоидат кард.
Раиси БМТ баъзе аз масъалаҳои муҳими бахши суғуртаро мавриди муҳокима қарор дода, ҳамкории ташкилоти суғуртавиро бо бахши иқтисодиёти миллӣ муҳим арзёбӣ намуд, ки дар ин самт барои ташкилоти суғуртавӣ дар бозори суғурта имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Зикр гардид, ки дар баробари ҷой доштани тамоюли мусбати нишондиҳандаҳои бозори суғурта, ташкилоти суғуртавии кишварро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва тақвият бахшидани доираи хизматрасониҳои нави муосир, вусъат додани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ ва зиёд кардани намудҳои суғуртакунонӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар ҷаласа «Вазъи бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2021» рӯнамоӣ гардида, иштирокдорон бо нишондиҳандаҳои асосии бозори суғурта ва тағйирёбии онҳо шинос гардиданд, инчунин аз натиҷаҳо, мушкилот, вазифаҳо ва нақшаҳои минбаъда барои шашмоҳаи дуюми соли 2021 маълумот пешкаш гардид.
Зикр шуд, ки то 30 июни соли 2021 дар ҷумҳурӣ 19 ташкилоти суғуртавӣ амал намуда, дороиҳои онҳо ба санаи ҳисоботӣ 513,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 28 фоиз зиёд гардидааст. Дороиҳои низоми суғурта нисбат ба ММД аз сатҳи 1,0 фоиз зиёд шуда, дар ин давра бори аввал он ба 1,3 фоизи ММД баробар шуд. Дар моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ дар умум 921 792 адад шартномаҳои суғуртавӣ баста шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 187 743 адад зиёд мебошад.








Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд






