Дар деҳаи Ваҳдати шаҳри Турсунзода ҳаммоми замонавӣ ҳафтае ду рӯз барои мардуми деҳот ройгон хизмат мерасонад
ТУРСУНЗОДА, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фонди эҳсонкории «Ситораи Файзбахш» дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ҳаммоми замонавӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ҳаммоми мазкур дорои утоқҳои замонавӣ буда, бо тамоми таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳафтае ду рӯз барои мардуми деҳот ройгон хизмат мерасонад.
Тавре масъулини Фонди мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, ин амалро дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди ҳаммом ва сартарошхонаву кошонаҳои ҳусни замонавӣ дар деҳоти мамлакат роҳандозӣ намуда, ин туҳфаи идонаи онҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сокинони деҳаи Ваҳдат аз ин туҳфаи идонаи Фонди эҳсонкории «Ситораи Файзбахш» хушҳол гардида, ба онҳо барои хизматрасонии ройгон миннатдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввал дар шаҳри Турсунзода бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ сохтмони 177 иншоот ба нақша гирифта шуд, ки иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг аз ҷумлаи онҳо буда, дар ин зимн таъмиру навсозии роҳҳо, ободу зебо гардонидани маҳалли зист низ пешбинӣ гардида буд.
Баъдан, марҳила ба марҳила шумораи иншооти ҷашнӣ ба 382 адад расид. Аз ҷумла, сохтмони 292 иншоот дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ва 90 иншоот дар маркази шаҳр ба нақша гирифта шудааст.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорону фаъолон ва сокинони шаҳр корҳои созандагӣ вусъат гирифта, давоми солҳои 2018-2020 ва 6 моҳи соли равон 322 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд. Корҳои созандагӣ дар самти рушди деҳот ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинон дар 60 иншооти боқимонда муташаккилона идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки навсозии боғи фарҳангию фароғатии шаҳр бо тарҳи замонавӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, зимнан дар боғи мазкур корҳои сохтмонии 3 иншоот — мактаби кўдаконаи санъат ва мусиқӣ, бинои амфитеатр бо 574 чойи нишаст ва Кохи шоҳмот бо маром идома доранд.










Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






