Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд

Июль 14, 2021 14:50

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июл дар Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (ШВКХ СҲШ) баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пеш аз ҷаласа вазирони корҳои хориҷиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои СҲШ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол табодули афкор намуда, вазифаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкориро дар чаҳорчӯбаи Созмон муҳокима карданд. Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки СҲШ бо такя ба «рӯҳи Шанхай» дар тӯли ду даҳсола ҷойгоҳи худро ҳамчун созмони бонуфузи байнидавлатии намуди нав ва иштирокчии бонуфузи низоми муносибатҳои байналмилалӣ мустаҳкам намуд.


Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муштарак дар самти пешбурди рӯзафзуни ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи гуногунҷабҳаи СҲШ ба таҳкими рушди Созмон ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии он мусоидат мекунанд.

Дар ҷараёни ҷаласа зикр карда шуд, ки мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ то имрӯз зиёда аз 50 чорабинии  механизмҳои гуногуни ҳамкории СҲШ, аз ҷумла 7 чорабинӣ дар сатҳи вазоратҳо баргузор шуданд.

Дар ин замина, вазирон омодагии худро барои то моҳи сентябр дар сатҳи баланд ва пурмазмун баргузор намудани боз тақрибан 30 чорабинии дигари мақомоти СҲШ, ба шумули 12 чорабинӣ дар сатҳи роҳбарони вазорату идораҳо иброз намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо иброз доштанд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар Душанбе риояи тамоми талаботи зиддиэпидемиологӣ ниҳоят муҳим аст.


Ҷониби Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тибқи қарори Кумитаи тадорукот, ҳамаи шахсоне, ки ба корҳои муқаддамотии омодасозии баргузории ҳамоиш ҷалб шудаанд, бидуни истисно, эм карда шудаанд в ё ҳоло эм карда мешаванд.

Дар ҷараёни ҷаласа вазирон таъкид карданд, ки рушди устувор дар фазои СҲШ бидуни таъмини сатҳи муносиби амниятӣ ғайриимкон аст. Қарори ШВКХ дар бораи ба саммити Душанбе пешниҳод намудани Барномаи таҷдидшудаи ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм барои солҳои 2022-2024 ба имзо расид.

ШВКХ СҲШ ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз дурнамои бад шудани вазъ дар ин кишвар дар натиҷаи ихроҷи неруҳои эътилоф изҳори нигаронии амиқ карда шуд.

Роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои минбаъд амиқтар намудани ҳамкориро дар соҳаи иқтисодиёт муҳокима карданд. Вазирон нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои рафъи оқибатҳои манфии иҷтимоӣ ва  иқтисодии пандемияи COVID-19 ҳамчун асос қабул карданд.

Самти фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар маркази диққати вазирон буд.

Низомнома дар бораи гимни СҲШ, ки ташаббускори он Тоҷикистон мебошад, бори аввал дар таърихи Созмон мувофиқа карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими мавқеъгирии СҲШ дар арсаи байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Таҳким ёфтани нуфузи СҲШ дар арсаи хориҷӣ зикр карда шуд ва масъалаҳои ҳамкории Созмон бо СММ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он баррасӣ шуданд. Вазирон аз қабули қатънома дар бораи «Ҳамкории СММ ва СҲШ» дар ҷараёни 75-умин Ассамблеяи Генералии СММ истиқбол карданд.

Аъзои Шӯро оид ба васеъ кардани таркиби мақоми шарики муколамаи СҲШ мубодилаи афкор намуданд. Қарорҳои ШВКХ дар бораи додани ин мақом ба Арабистони Саудӣ ва Миср имзо шуданд, ки барои тасдиқ ба Шӯрои сарони давлатҳо пешниҳод хоҳанд шуд.

Вазирон ҳисоботро дар бораи фаъолияти котиботи СҲШ дар соли гузашта ва лоиҳаи Маърӯзаи дабири кулли СҲШ-ро дар бораи фаъолияти Созмон дар давраи ҳисоботӣ  тасдиқ карданд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои он дар таҳкими минбаъдаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ, ваҳдат, эътимоди тарафайн ва ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳои узви СҲШ саҳми сазовор хоҳанд гузошт.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи ШВКХ СҲШ чорабинии калидӣ дар роҳи саммити ҷашнии СҲШ, ки 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад, гардид.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва ВКХ ҶТ

Июль 14, 2021 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар соҳаи геология ва захираҳои маъдан матраҳ намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Швейтсария бо мушовири калони сиёсии ташкилоти «Global Cities HUB» мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк нахустин вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об дар соли 2025 баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Агентии танзимкунандаи фаъолияти хайриявии Давлати Қатар мулоқот намуд
Дар Теҳрон иҷрои тавофуқоти дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Сафири Тоҷикистон мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Русия бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон мулоқот намуд
Дар Тошканд нишасти Шурои ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон мулоқот намуд
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо раис ва мудири иҷроияи Ширкати захираҳои инсонии «ARCO» мулоқот намуд