Дар Душанбе масъалаи ҳамкории БДА «Амонатбонк» бо Дафтари Швейтсария баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Тақвияти бахшҳои молиявӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо маблағгузории Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) амалӣ мегардад, дар мулоқоти Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати расмии Дафтари Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Субхренду Чатарҷӣ баррасӣ гардид.
Аз БДА «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҳамзамон ҳолати кунунӣ ва стратегияи афзалиятнокии Амонатбонк, сарчашмаҳои даромад, масъалаҳои сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ, механизмҳои танзими бонкӣ ва баҳогузории идоракунии корпоративиро мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки айни замон ҳолати молиявии «Амонатбонк» дар сатҳи хуб ва устувор қарор дорад.
«Амонатбонк» ҷиҳати рушди бизнеси бонкӣ ва роҳандозӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Дар вохўрӣ мусоҳибон ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ омодагии худро изҳор намуданд.
Акс аз «Амонатбонк»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






