Дар Душанбе масъалаи ҳамкории БДА «Амонатбонк» бо Дафтари Швейтсария баррасӣ гардид

Июль 2, 2021 16:45

ДУШАНБЕ, 02.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Тақвияти бахшҳои молиявӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо маблағгузории Котиботи  давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) амалӣ мегардад, дар мулоқоти Раиси  Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати расмии Дафтари Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Субхренду Чатарҷӣ баррасӣ гардид.

Аз БДА «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҳамзамон ҳолати кунунӣ ва стратегияи афзалиятнокии Амонатбонк, сарчашмаҳои даромад, масъалаҳои сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ, механизмҳои танзими бонкӣ ва баҳогузории идоракунии корпоративиро мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки  айни замон ҳолати молиявии «Амонатбонк»  дар сатҳи хуб ва устувор қарор дорад.

«Амонатбонк» ҷиҳати рушди бизнеси бонкӣ ва роҳандозӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Дар вохўрӣ мусоҳибон ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ омодагии худро изҳор намуданд.

Акс аз «Амонатбонк»

Июль 2, 2021 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2486 сомонӣ муқррар шудааст