Дар Душанбе таҳти унвони «Муносибати шариконаи мақомоти андоз ва андозсупорандагон, ҳамчун қисми ислоҳоти андоз» ҳамоиш доир шуд

Июль 3, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» таҳти унвони «Муносибати шариконаи мақомоти андоз ва андозсупорандагон, ҳамчун қисми ислоҳоти андоз» ҳамоиш доир шуд.

Тавре аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиш  бо мақсади фароҳам овардани робита ва ҳамкории доимии мутақобилан судманд байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон роҳандозӣ  гардида, дар он намояндагони вазорату идораҳои соҳаи иқтисод, аз он ҷумла вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии омор, Бонки миллӣ, инчунин роҳбарон, сармуҳосибҳо ва таҳлилгарону кормандони масъули андозсупорандагон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш  ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои андозсупорандагон ва мақомоти андоз баррасӣ гардида, дар он муовини якуми Раиси Кумитаи андоз Аюбҷон Солеҳзода сухан намуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба рушди муносибати шариконаи мақомоти андоз бо андозсупорандагон, низоми  маъмурикунии андоз, хизматрасониҳои электронӣ ва низоми  иттилоотии Кумитаи андоз мубодилаи афкор намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуданд.


Зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти андоз бо маром идома дошта, маъмурикунонии андозҳо нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида истодааст. Ҳамзамон базаи моддию техникии мақомоти андоз рӯз аз рӯз беҳтар гардида, шумораи хизматрасониҳои электронӣ зиёд ва сатҳи ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ баланд гардида истодааст.

Гузаронидани чунин чорабиниҳо аз ҷониби Кумитаи андоз дар оянда низ ба нақша гирифта шудааст, ки баргузории онҳо ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупорандагон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии иқтисодиёт равона гардида, дар нақшаи чорабиниҳои татбиқи амалии Барномаи рушди маъмурикунонии андоз пешбинӣ гардидааст.

Июль 3, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад