Дар Хатлон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо иштироки 472 нафар довлалаб оғоз гардид, ки то 31 июл идома меёбад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур тибқи низомнома ҷараён дошта, ҳайати ҳакамон аз масъулони бахши фарҳанг ва фарҳангшиносони вилояту ноҳияҳо иборат мебошад.
Тибқи тартиби низомнома, корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт вогузор гардидаанд. Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур тамоми тадбирҳоро амалӣ намудааст.
Баъд аз ҷамъбасти даври дуюм ҳуҷҷатҳои ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо санадҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 30 октябри соли равон муқаррар гардидааст.
Бояд гуфт, ки ҷараёни даврҳои озмун тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои телевизиону радио тарғиб карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соли сеюм аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад. Дар ин сол барои баргузории озмуни мазкур 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






