Дар Хоруғ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мусобиқа оид ба футболи хурд гузаронида шуд

Июль 28, 2021 08:37

ХОРУҒ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар шаҳри Хоруғ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  миёни футболбозони собиқадор мусобиқа аз намуди футболи хурд баргузор гардид, ки дар он 10 даста аз маҳаллаҳои шаҳр ширкат намуданд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  ҳамаи ин футболбозон қаблан дар дастаҳои гуногуни шаҳр бозӣ карда, борҳо дар мусобиқаҳои вилоятию  ҷумҳурӣ  ширкат намудаанд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев, “Федератсияи футболи вилоят бо ирсоли як нома аз мо хоҳиш намуд, ки барои баргузории мусобиқа байни собиқадорон мусоидат карда шавад. Дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр яке аз майдончаҳои навбунёд дар ихтиёрашон гузошта шуд ва онҳо барои ба даст овардани Ҷоми Федератсияи футболи вилоят давоми як моҳ рақобат намуданд. Ба бозии ниҳоӣ дастаҳои маҳаллаҳои Тем ва Гулакен роҳхат гирифта, ҳарду даста дар ҳузури садҳо нафар мухлисон ҳунару маҳорати худро намоиш доданд. Ин бозӣ бо бартарии дастаи Гулакен бо ҳисоби ду бар сифр ба анҷом расид”.

Раиси Федератсияи футболи вилоят Аноятшо Аноятшоев гуфт, ки “дар рушди футболи хурд ва калон саҳми Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шахсан раиси он Рустами Эмомалӣ басо назаррас аст. Танҳо давоми панҷ соли охир дар 12 маҳаллаи шаҳри Хоруғ майдончаҳои футбол бунёд шуда, барои футболбозони наврас либосҳои варзишӣ, тӯбу тӯрҳои футбол дастрас гардиданд. Ҳоло дар маҳаллаи Беморхонаи вилоятӣ сохтмони толори муосири варзишӣ идома дошта, то охири сол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад”.

Ғолибони мусобиқа бо медал, ифтихорномаи Федератсияи футболи вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Июль 28, 2021 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Студияи наву муосир дар назди рӯзномаи «Навиди сино» ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
Дар назди мактаби №35-и деҳаи Шоразми шаҳри Ваҳдат бинои иловагии таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт ду муассисаи томактабӣ ва Маркази ҷавонон ба истифода дода шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад