Дар Конибодом корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории COVID-19 тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом аъзои ситоди шаҳрӣ, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази тарзи ҳаёти солим, инчунин волонтёрон бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID–19 дар ҷойҳои серодам- нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, бозор ва кӯчаву маҳаллаҳо бо сокинони шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи корӣ дар ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинони шаҳри Конибодом зарурати риояи қойидаҳои беҳдошт, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, дар ҷойҳои серодам нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва наоростани маъракаҳои серодамро шарҳ дода, барои эмин мондани онҳо ва наздиконашон аз бемории COVID–19 тавсияҳои зарурӣ доданд.
Инчунин баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID–19) ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 21 июни соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.
Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.
3 июли соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, онҳоро ба иҷрои ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, инчунин ба истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват намуд.
-Ҳамчунин дар ин шабу рӯзҳо вобаста хатари зиёди паҳншавию интиқоли бемории сироятии коронавирус аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ, тую хурсандиҳо ва маъракаҳои гуногунро бо иштироки шумораи ками одамон гузаронанд, -омадааст дар муроҷиатномаи мазкур.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






