Дар Душанбе Муколамаи навбатии сатҳи миллӣ доир ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муколамаи сатҳи миллӣ (техникӣ) доир ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳо, олимону коршиносони соҳа, секторҳои хусусӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар доираи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир гардид.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муколама муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Ҳамоҳангсози миллии Саммити низоми озуқаворӣ Маҳмуд Ширинҷонзода иштирокдорони муколамаро хайрамақдам гуфта, аз раванди дигар Муколамаҳои сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ оид ба таҳия намудани «Нақшаи амали низоми озуқаворӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо супориши Сарвазири мамлакат аз 25 ноябри соли 2020 доир ба муқаррароти номаи муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуда буданд, баҳои баланд дода, иқдоми мазкурро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ намуд.
Дар раванди Муколамаи сатҳи миллӣ (техникӣ) мушовир ва муовинони Ҳамоҳангсози миллии Саммити мазкур вобаста ба самтҳои асосии «Барномаи рушди низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, пешниҳодҳои аъзоёни гурӯҳои байдиидоравии вазорату идораҳо, секторҳои хусусӣ ва олимону таҳлилгарони соҳаро барои ба таври комил таҳия намудани нақшаи амал муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби Ҳамоҳангсози миллии Саммити низоми озуқаворӣ зикр шуд, ки 26-28 июли соли 2021 баргузории пресс-саммит бо иштироки намояндагони СММ, олимону коршиносони байналмилалӣ ба таври онлайн дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ аз аъзоёни гурӯҳи байниидоравии вазорату идораҳои давлатӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур тариқи маҷозӣ (онлайн) фаъолона иштирок намоянд.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






