Дар минтақаи Кӯлоб ба 1779 нафар гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда шуд
КӮЛОБ, 20.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи минтақавии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоб нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гардид.
Сармутахассиси шуъба Сайфиддин Юсупов аз натиҷаи шашмоҳаи кори шуъба маълумот дода, гуфт, ки «дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба сохторҳои шуъба барои гузаштан аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ ҳамагӣ 2779 нафар калонсолон ва 1318 нафар кӯдакони то 18-сола муроҷиат намуданд, ки аз ин ба 2582 нафар калонсолон ва 1227 нафар кӯдакон маъюбӣ муайян карда шуд».
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра такроран 1813 нафар муоина карда шуда, аз ин теъдод ба 1779 нафар гурӯҳи маъюбӣ дода шуд. Инчунин аз сабаби барқарор шудани вазъи саломатӣ, гурӯҳи маъюбии 34 нафар қатъ гардид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар хадамот бемориҳое, ки боиси маъюбии калонсолон мегарданд, аз ҷумла бемориҳои асаб, рӯҳӣ, ҷарроҳӣ, эндрокрини чашм, дил, сил, саратон, узвҳои такягоҳ ва бофтаҳои мушаку пойҳо мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст. Сабабҳои зиёдшавӣ ва вазниншавии маъюбӣ дар минтақа сари вақт муроҷиат накардани маъюбон ба беморхонаҳо, бархурдор нагардидани онҳо аз табобату тадбирҳои тавонбахшӣ ва ғайра мебошанд.
Бо мақсади таҳия ва ташаккули махзани иттилоотӣ оид ба маъюбон ва мусоидат ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии бақайдгирии маъюбон дар фаҳристи ягонаи иттилоотии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб бори нахуст соли 2021 ба 803 нафар беморони калонсол гурӯҳи маъюбӣ муқаррар гардид.
Акс аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






