Дар минтақаи Кӯлоб санҷиши бехатарии озуқаворӣ гузаронида шуд
КӮЛОБ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Кӯлоб бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, бехатар ва хушсифат ба фурӯш баровардани маҳсулоти хӯрока ва сабзавоту полезӣ аз ҷониби Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои иттилоотӣ, ташхисӣ ва санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз гардид.
Тавре сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Фаттоҳ Саидов изҳор дошт, рӯзҳои охир дар минтақаи Кӯлоб ҳаво аз 40 то ба 45 дараҷа мерасад, ки гармии зиёд хатари расонидани таъсири манфӣ ба маҳсулоти озуқавории зудвайроншавандаро, ки дар бозорҳо ва мағозаҳо ба фӯруш бароварда мешавад, ба миён меорад. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки корҳои иттилоотиро байни фурӯшандагон ва харидорон ба роҳ монем, зеро маҳсулоти пастсифат метавонад сабабгори ба бемориҳои гуногун гирифтор гаштани сокинон гардад.
— Айни ҳол аз ҷониби кормандони мо бозори марказӣ ва якчанд мағозаҳо аз санҷиш гузаронида шуда, ҳангоми гузаронидани санҷишҳои лабораторӣ 615,7 кг маҳсулоти гӯштӣ, 6 кг маҳсулоти ширӣ, 5,8 кг равғани растанӣ, 13,09 кг тухм, 0,4 кг асал, 267,7 маҳсулоти шӯрӣ ва дигар маҳсулотҳо, ки ба талаботи истеъмолӣ ҷавобгӯ набуданд, аз муомилот гирифта шуда, несту нобуд карда шуданд,-афзуд номбурда.
Гуфта шуд, ки барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмоли бехатарии озуқавории шаҳрвандон аз ҷониби марказ моҳе як маротиба дар 11 шаҳру навои минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташхис ва санҷиш гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






