Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Кӯдакистони хусусии «Кидс Академӣ» мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Беҳзод 14-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кӯдакистони хусусии «Кидс Академӣ» мавриди истифода қарор дода шуд. Муассисаи томактабӣ аз ҷониби соҳибкор Холмурод Розиқов сохта шуда, дар он таълиму тарбия дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.
Тавре муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистон аз се гурӯҳи синну солашон гуногун иборат буда, дар он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар ин муассисаи томактабӣ таълиму тарбия бо забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, кўдакон дар доираи машғулиятҳои таълимӣ ҳамзамон ба сайру сайёҳат бароварда мешаванд, ки онҳо аз маконҳои зебои шаҳри Душанбе — осорхонаву китобхона ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва боғи ҳайвонот дидан хоҳанд кард.
Ин усули таълиму тарбия аллакай дар кӯдакистонҳои хориҷи кишвар амалӣ гардида, дар Тоҷикистон низ ба роҳ монда мешавад.
Дар кӯдакистон ҳамзамон толори мусиқӣ, толори тасвир ва ошхона барои зиёда аз 70 нафар ҷой дошта, бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ низ таъсис ёфтааст. Боғча ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи логопед ва ошхонаи барҳаво мебошад.











Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






