Дар ноҳияи Лахш сели пиряхӣ ба амал омад

Июль 29, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  28 июл, тахминан соати 13:30, ҳангоми обшавии пиряхҳои мавзеи Арчакапаи деҳаи Сугати Ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш сатҳи оби дарëи Сурхоб зиëд гардида, як қисмати роҳи калони мошингарди Ваҳдат-Лахш-Қарамиқро вайрон намудааст. Дар натиҷа ҳаракати воситаҳои нақлиëтӣ дар ин мавзеъ қатъ гардид. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Инчунин ҳангоми баландшавии сатҳи оби дарëи Кабутоб 2 пули  нақлиëтгузари деҳаи Ëрмазори Ҷамоати деҳоти Янгишаҳрии ноҳияи Лахш корношоям гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиëт дар мавзеи гармчашмаи Тандиқул қатъ гардидааст.

Тавре қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, то 31 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои хушк ва гарм боқӣ мемонад. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки дар якчанд минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар баланд шудани ҳарорат омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст.

Ҳамин тавр, 28 июл, тахминан соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ, дар кӯҳҳои Сугати ноҳияи Лахш бар асари болоравии ҳарорат як қисми ками пирях канда шуд. Дар натиҷа, пиряхи барфӣ маҷрои дарёи Тугатро баст. Оби аз маҷрои дарё баромада дар километрҳои 249-250-ум қитъаҳои роҳи Вахдат — Лахш — Қирғизистонро зер карда,  қисман маҷрои дарёи Сурхобро низ бастааст.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Лахш дар якҷоягӣ бо кормандони роҳ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби техникаҳо корҳои тоза кардани  қисмати роҳро анҷом доданд. Дар айни замон ҳаракати  нақлиёт барқарор карда шуда, сатҳи оби дарёи Сурхоб назорат карда мешавад. Талафот ва харобӣ нест.

Ёдовар мешавем, ки сабаби асосии обшавии пиряхҳо тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ мебошад, ки вақтҳои охир дар сайёраи Замин рух медиҳад. Пиряхҳои Тоҷикистон масоҳати 9000 км²-ро фаро гирифтаанд, ки ин қариб 6% масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар тӯли 30 соли охир дар қаламрави кишвари мо тақрибан 1000 пирях об шудаанд, ки ин ба талаф ёфтани сеяки ҳаҷми пиряхҳо баробар аст.

Об шудани калонтарин пиряхи Тоҷикистон- Федченко, ки дарозиаш зиёда аз 75 километр мебошад, тасдиқи равшани ин гуфтаҳост.

Тадқиқот нишон медиҳанд, ки танҳо дар 70-80 соли охир пиряхи Федченко беш аз як километр кам шуда, масоҳати он то 44 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст. Ғайр аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб коҳиш ёфта, суръати миёнаи нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

 

АКС аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 29, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040  натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид