Дар ноҳияи Лахш сели пиряхӣ ба амал омад

Июль 29, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  28 июл, тахминан соати 13:30, ҳангоми обшавии пиряхҳои мавзеи Арчакапаи деҳаи Сугати Ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш сатҳи оби дарëи Сурхоб зиëд гардида, як қисмати роҳи калони мошингарди Ваҳдат-Лахш-Қарамиқро вайрон намудааст. Дар натиҷа ҳаракати воситаҳои нақлиëтӣ дар ин мавзеъ қатъ гардид. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Инчунин ҳангоми баландшавии сатҳи оби дарëи Кабутоб 2 пули  нақлиëтгузари деҳаи Ëрмазори Ҷамоати деҳоти Янгишаҳрии ноҳияи Лахш корношоям гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиëт дар мавзеи гармчашмаи Тандиқул қатъ гардидааст.

Тавре қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, то 31 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои хушк ва гарм боқӣ мемонад. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки дар якчанд минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар баланд шудани ҳарорат омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст.

Ҳамин тавр, 28 июл, тахминан соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ, дар кӯҳҳои Сугати ноҳияи Лахш бар асари болоравии ҳарорат як қисми ками пирях канда шуд. Дар натиҷа, пиряхи барфӣ маҷрои дарёи Тугатро баст. Оби аз маҷрои дарё баромада дар километрҳои 249-250-ум қитъаҳои роҳи Вахдат — Лахш — Қирғизистонро зер карда,  қисман маҷрои дарёи Сурхобро низ бастааст.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Лахш дар якҷоягӣ бо кормандони роҳ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби техникаҳо корҳои тоза кардани  қисмати роҳро анҷом доданд. Дар айни замон ҳаракати  нақлиёт барқарор карда шуда, сатҳи оби дарёи Сурхоб назорат карда мешавад. Талафот ва харобӣ нест.

Ёдовар мешавем, ки сабаби асосии обшавии пиряхҳо тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ мебошад, ки вақтҳои охир дар сайёраи Замин рух медиҳад. Пиряхҳои Тоҷикистон масоҳати 9000 км²-ро фаро гирифтаанд, ки ин қариб 6% масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар тӯли 30 соли охир дар қаламрави кишвари мо тақрибан 1000 пирях об шудаанд, ки ин ба талаф ёфтани сеяки ҳаҷми пиряхҳо баробар аст.

Об шудани калонтарин пиряхи Тоҷикистон- Федченко, ки дарозиаш зиёда аз 75 километр мебошад, тасдиқи равшани ин гуфтаҳост.

Тадқиқот нишон медиҳанд, ки танҳо дар 70-80 соли охир пиряхи Федченко беш аз як километр кам шуда, масоҳати он то 44 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст. Ғайр аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб коҳиш ёфта, суръати миёнаи нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

 

АКС аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 29, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
ҲУШДОР! 10-12 май тағйирёбии вазъи ҳаво ва офатҳои табиии эҳтимолӣ дар назар аст
Ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ». Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарбозони аз қисмҳои ҳарбӣ баргаштаро пешвоз мегирад
Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бар асари бориши шадид сел ба амал омад
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
«ВАТАН-ШУКУҲАТ ПОБАРҶО». Дар Тоҷикистон озмуни қироати шеър ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад