Дар остонаи ҷашни миллӣ дар Тоҷикистон рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт Майдони «Истиқлол» бо Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии Майдони «Истиқлол» бо Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ», ки фармоишгари он Раёсати сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад, 70-75 фоиз иҷро гардидаанд.
Тавре имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, « раванди сохтмони ин иншооти ҷашнӣ зери назорати доимии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Алҳол дар бунёди ин иншооти ҷашнӣ 15 пудратчӣ, инчунин ду ширкати чинӣ кор менамоянд. Ҳамзамон ҷиҳати бунёди ин иншоот бо бархе аз ширкатҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои аврупоӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст».
Масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектар буда, аз ҷумла 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад. Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо иборат мебошад. Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991 ба даст овардани истиқлолро таҷассум менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар оянда ба макони таърихӣ, зебову дилфиреб ва сайру гашти сокинону меҳмонони пойтахт табдил меёбад, зеро он бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои истиқлол ва озодӣ бунёд карда мешавад.








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






