Дар шаҳри Уфа мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Саид Эмом бо Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Андрей Назаров мулоқот намуд.
Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар мулоқоти мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Бошқирдистон ҳамчунин муовини аввали Сарвазир-вазири рушди иқтисод ва сиёсати иноватсионии Ҷумҳурии Бошқирдистон Рустам Муратов, Раиси Кумитаи давлатии равобити иқтисодӣ Маргарита Болийчева ва роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа Венер Галиакбаров иштирок намуданд.
Зимни суҳбат Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Андрей Назаров оид ба дастовардҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт ва нақлиёт, саноату савдо, маорифу фарҳанг ва сайёҳӣ изҳори назар намуда, дар идома доир ба муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, ки солҳои охир дар соҳаҳои маорифу фарҳанг, иқтисоду савдо ва сайёҳӣ дахл намуда, онро нек арзёбӣ кард. Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки дар оянда низ ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилаи судманд қадамҳои устувор хоҳем гузошт.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Саид Эмом дар навбати худ оид ба рушди ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисодиёту нақлиёт, саноат, энергетика, маорифу фарҳанг инчунин, оид ба ҷалби соҳибкорони ҳарду кишвар баҳри ҳамкории муштарак ва иҷозати сафари муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити ҳамагирии бемории коронавирус (COVID-19) изҳори назар намуда, инчунин доир ба фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва саноатҳои кӯҳиву сабук маълумот дод.
Дар идомаи суҳбат ба саҳми иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба омодагии ҷонибҳо ҷиҳати сафари Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар ҳамоиши ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва чорабиниҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021, ки ба 20 -солагии таъсис ёфтани Созмони мазкур рост меояд, маълумот дод.
Ҳамчунин ба иштирокчиёни вохӯрӣ пешниҳод гардид, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаи хамкорӣ байни Ҷумҳурии Бошқирдистон ва вилояти Хатлон ба имзо расонида шавад, ки инро Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Андрей Назаров хуш пазируфт.
Дар идомаи суҳбат пешниҳод гардид, ки бо дарназардошти бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва ҷой доштани баъзе маҳдудиятҳо дар марзҳо, ҷиҳати ҳалли роҳҳои ҷалби дастаҷаъмонаи муҳоҷирони меҳнатии кишвар ва ширкати онҳо дар сохтмони иншоотҳои бузург ва соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Бошқирдистон, ки ба нафъи тарафайн мебошад, ҳар ду ҷониб кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар раванди тавсеаи ҳамкориҳо баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои тиҷоратӣ ба мақсади дастрасӣ ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар, ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи тарҳҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, рушди ҳамкориҳо миёни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок барои ҳар ду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.








Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд






