Дар Суғд амалиёти «Ҳавои тоза» роҳандозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат амалиёти «Ҳавои тоза»-ро роҳандозӣ намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи амалӣ намудани амалиёти мазкур баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон аст.
Аз ҷумла, дар ҳудуди шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров амалиёти муштараки «Ҳавои тоза» бо иштироки кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёхӣ дар вилояти Суғд ва масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардида, гурӯҳи кории сафарбаргардида давоми як соат 48 воситаи нақлиётро тавассути таҷҳизоти газченкунӣ аз ташхис гузарониданд. Дар натиҷа нисбат ба 8 ронандае, ки воситаи нақлиёташон ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ набуда, дар таркиби дуди ихроҷшавандаи мошини онҳо моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд буд, бо моддаи 230 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.
Тавре масъулин иброз медоранд ҳар як ронандаи нақлиёт пеш аз он ки пушти чамбараки мошин менишинад, бояд ба ихроҷи дуднокӣ ва тозагии нақлиёт аҳамият диҳад.
Маҳз натиҷаи баргузории амалиёти «Ҳавои тоза» ва ҳамингуна чорабиниҳост, ки беш аз пеш шумораи воситаҳои нақлиёте, ки ба ҳаво аз меъёр зиёд дуд ё газҳои зарарнок ихроҷ мекунанд, кам шуда истодааст.
Ронандаҳои воситаҳои нақлиётро зарур аст воситаи нақлиёти худро мунтазам аз ташхиси техникӣ гузаронида, таъмир ва аз истифодаи сӯзишвориҳои пастсифат худдорӣ намоянд.То ин ки ба муҳити зист ва саломатии сокинон зарар нарасонанд.
Мутобиқи иттилои масъулини милитсияи экологӣ ва сайёҳии вилояти Суғд, моҳе аз як то ду маротиба дар қаламрави вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда, нисбат ба ронандаҳое, ки ба ҳолати техникии воситаи нақлиёти худ беэътиборӣ зоҳир мекунанд ва ҳавои муҳитро заҳролуд менамоянд, чораҷӯӣ карда мешавад.
Кормандони минтақавии ниҳодҳои мазкур зимни амалиёти зикршуда ҳамчунин ба аҳолӣ шарҳ доданд, ки ҳавои тоза ба саломати манфиати зиёд дошта, яке аз шартҳои асосии дарозумрии инсон эътироф шудаааст ва
тоза нигоҳ доштани ҳаво ва муҳити зист вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа мебошад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд






