Дар Вашингтон Тоҷикистону ИМА омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд

Июль 3, 2021 10:34

ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Завқӣ Завқизода қисмати иқтисодӣ ва энергетикии машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар шаҳри Вашингтон якҷо бо муовини ёрдамчии котиби давлатии ИМА оид ба иқтисод ва тиҷорат Мэтт Марри раисӣ карда, масъалаҳои истифодаи пурраи имкониятҳои савдо ва сармоягузории дуҷониба, ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим ва муҳити зист, коронавируси COVID-19 ва тандурустиро бо ҷониби ИМА муҳокима намуданд.

Зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо ИМА сол то сол рушд карда ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷиҳати истифодаи имкониятҳои васеи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории ИМА барои манфиатҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон дар самтҳои сафарбар намудани дастгириҳои молиявию техникии иловагӣ, аз ҷумла тавассути USAID ва Эксимбонки ИМА, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергияи сабз, пешгирии тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ, ҳифзи хуқуқи моликияти зеҳнӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва ҳифзи тандурустиву иҷтимоии аҳолӣ ва аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда корҳоро тақвият медиҳанд.

Дар робита ба ин иттилоъ дода шуд, ки соҳаҳои энергетика, саноати истихроҷи маъдан, нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва маҳсулоти он, инчунин сайёҳӣ ва бонкдорӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи махсуси сармоягузорони ИМА ба ҳисоб рафта, пешниҳод гардид, ки ҳамкорӣ дар ин замина бо мақсади тавсеа ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд.

Инчунин зикр  гардид, ки кумаки USAID дар ҳаҷми 46,5 млн. доллар барои Тоҷикистон дар соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон мусоидати ИМА-ро ҷиҳати ба кишвар ҷудо намудани ваксинаҳои намуди «Pfizer» ва «Moderna» хоҳиш намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳаматарафаи  ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва истифодаи самараноки  он  изҳор намуданд.

Аксҳо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Июль 3, 2021 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд