Дар Вазорати фарҳанг доир ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои идона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ», Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад», бо роҳпаймоии идона дар пойтахти мамлакат ва барномаҳои фарҳангӣ дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҷлил мегардад. Дар ин бора зимни ҷаласаи корӣ оид ба омодагиҳо ба барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён оид ба омодагиҳо ба барномаҳои фарҳангӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир гардидани чорабиниҳои муҳими таърихию сиёсӣ тибқи сенарияи тасдиқшуда гузориш пешниҳод намуд.
Роҳбарону масъулони барномаҳои фарҳангӣ ба сухан баромада, барои ҳарчи зудтар рафъ намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ибрози назар намуданд.
Дар ҷаласаи корӣ ҳамчунин мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шӯҳрат Азиззода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, роҳбари бадеии барномаи консертӣ дар Маҷмааи «Кохи Борбад» Ибодулло Машрабов, директори оркестри симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари бадеии барномаи консертӣ оид ба зиёфати расмӣ Олимҷон Солеҳзода, роҳбари бадеии роҳпаймоии идона Қамариддин Мирзоев, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов, сардори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён, директори Маркази эҷодии «Илҳом», роҳбари бадеии барномаи театрикунонидашуда дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» Баҳриддин Раҷабов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар анҷоми нишасти корӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани барномаҳои фарҳангӣ пешниҳодҳои судманд манзур намуд.
АКС аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд






