Дар Вазорати фарҳанг доир ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир шуд

Июль 19, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имсол ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои идона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ», Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад», бо роҳпаймоии идона дар пойтахти мамлакат ва барномаҳои фарҳангӣ дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҷлил мегардад. Дар ин бора зимни ҷаласаи корӣ оид ба омодагиҳо ба барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода  дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён оид ба омодагиҳо ба барномаҳои фарҳангӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир гардидани чорабиниҳои муҳими таърихию сиёсӣ тибқи сенарияи тасдиқшуда гузориш пешниҳод намуд.

Роҳбарону масъулони барномаҳои фарҳангӣ ба сухан баромада, барои ҳарчи зудтар рафъ намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ибрози назар намуданд.

Дар ҷаласаи корӣ ҳамчунин  мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шӯҳрат Азиззода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, роҳбари бадеии барномаи консертӣ дар Маҷмааи «Кохи Борбад» Ибодулло Машрабов, директори оркестри симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари бадеии барномаи консертӣ оид ба зиёфати расмӣ Олимҷон Солеҳзода, роҳбари бадеии роҳпаймоии идона Қамариддин Мирзоев, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов, сардори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён, директори Маркази эҷодии «Илҳом», роҳбари бадеии барномаи театрикунонидашуда дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» Баҳриддин Раҷабов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми нишасти корӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани барномаҳои фарҳангӣ пешниҳодҳои судманд манзур намуд.

 

АКС аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 19, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд