Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъалаи паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашударо (ғайрирасмиро) баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Абдуғаффор Рахмонзода ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ ҷиҳати татбиқи «Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» баргузор гардид.
Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 «Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023» ва Нақшаи амалисозии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон иштирок намуда, вобаста ба ҷараёни иҷрои қарори зикршуда ва нақшаи амалисозии он гузориш доданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ пешниҳодҳо манзур гардида, вазорату идораҳои масъул ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи барнома дастуру супоришҳо гирифтанд.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






