Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 18 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои такмил ва рушди низоми қонунгузорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст, ки аз ин 5 лоиҳа ба тасвиб расида, 4 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад. Дар ин бора Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода 28 июл зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба гуфти Ширин Амонзода, дар ин давра вазъи сатҳи зиндагӣ ва даромади аҳолӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, барои тақвияти онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешида шудаанд. Ба ҳолати 1 июни соли равон музди меҳнат дар ҷумҳурӣ 1492,5 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар шаҳри Душанбе 2205,4 сомонӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1371,4 сомонӣ, вилояти Суғд 1351,9 сомонӣ, вилояти Хатлон 1140,4 сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1225,8 сомониро ташкил дода, он дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тамоюли афзоиш дорад.
«Музди миёнаи меҳнат дар соҳаҳои фаъолияти ташкилот ва намояндагиҳои хориҷӣ 10780,2 сомонӣ, фаъолияти молиявӣ 3920,4 сомонӣ, хизматрасониҳо 3893,5 сомонӣ, санъат 1238,7 сомонӣ, маориф 1215,5 сомонӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 1014,6 сомонӣ ва кишоварзӣ 630,1 сомониро ташкил намуд», — афзуд мавсуф.
Дар нишаст гуфта шуд, ки соли равон дар ҷумҳурӣ аз 298 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 210 хоҷагиҳои муҳоҷирони экологӣ 190 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 131 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ дар мавзеъҳои нав бо қитъаи замин барои сохтмони манзил таъмин гардиданд, ки мутаносибан 63,7 фоиз ва 64 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Таъмини оилаҳои кӯчонидашуда бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла обу барқ, бунгоҳи тиббӣ, мактаб, роҳ ва дигар биноҳои маъмурӣ идома дорад.
Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти 1276 субекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шуда, 5926 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид. Аз ин 4560 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1061 ҳолат ба бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 23 ҳолат ба муҳоҷират ва 282 ҳолат ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ иртибот дорад. Ҳамчунин 105 санҷиши ғайринақшавӣ оид ба экспертизаи давлатии шароити меҳнат гузаронида шуда, 1061 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид ва ба 378 корфармо ва дигар шахсони масъули корхонию ташкилот барои ҳуқукқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷаримаҳо таъйин карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






