Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 18 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардиданд

Июль 28, 2021 16:28

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои такмил ва рушди низоми қонунгузорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст, ки аз ин  5 лоиҳа ба тасвиб расида, 4 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад. Дар ин бора Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода 28 июл зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба гуфти Ширин Амонзода, дар ин давра вазъи сатҳи зиндагӣ ва даромади аҳолӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, барои тақвияти онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешида шудаанд. Ба ҳолати 1 июни соли равон музди меҳнат дар ҷумҳурӣ 1492,5 сомониро ташкил намуда, нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар шаҳри Душанбе 2205,4 сомонӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1371,4 сомонӣ, вилояти Суғд 1351,9 сомонӣ, вилояти Хатлон 1140,4 сомонӣ ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1225,8 сомониро ташкил дода, он дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тамоюли афзоиш дорад.

«Музди миёнаи меҳнат дар соҳаҳои фаъолияти ташкилот ва намояндагиҳои хориҷӣ 10780,2 сомонӣ, фаъолияти молиявӣ 3920,4 сомонӣ, хизматрасониҳо 3893,5 сомонӣ, санъат 1238,7 сомонӣ, маориф 1215,5 сомонӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 1014,6 сомонӣ ва кишоварзӣ 630,1 сомониро ташкил намуд», — афзуд мавсуф.

Дар нишаст гуфта шуд, ки соли равон дар ҷумҳурӣ аз 298 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 210 хоҷагиҳои муҳоҷирони экологӣ 190 оилаи муҳоҷирони дохилӣ  ва 131 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ дар мавзеъҳои нав бо қитъаи замин барои сохтмони манзил таъмин гардиданд, ки мутаносибан 63,7 фоиз ва 64 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Таъмини оилаҳои кӯчонидашуда бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла  обу барқ, бунгоҳи тиббӣ, мактаб, роҳ ва дигар биноҳои маъмурӣ идома дорад.

Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти 1276 субекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шуда, 5926 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид. Аз ин 4560 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1061 ҳолат ба бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 23 ҳолат ба муҳоҷират ва 282 ҳолат ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ иртибот дорад. Ҳамчунин 105 санҷиши ғайринақшавӣ оид ба экспертизаи давлатии шароити меҳнат гузаронида шуда, 1061 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид ва ба 378 корфармо ва дигар шахсони масъули корхонию ташкилот барои ҳуқукқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷаримаҳо таъйин карда шуданд.

Июль 28, 2021 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд