Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон масъалаи таҳвили навбатии вояҳои зарурии ваксинаи «КоронаВак» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Sinovac Research & Development Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба харидории ваксинаи «КоронаВак» дар доираи ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон лоиҳаи созишнома пешниҳод хоҳад намуд.
Дар ин хусус зимни гуфтугӯи маҷозии муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндаи ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 13 июли соли равон сурат гирифт, иттилоъ дода шуд.
Ҷонибҳо дар суҳбат як зумра масъалаҳоро вобаста ба харидорӣ ва таҳвили навбатии вояҳои зарурии ваксинаи «КоронаВак» ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла оид ба нарх, шарту шароити дастрасӣ ва муҳлати интиқоли он ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маблағи вояҳои ваксинаи мазкур аз ҳисоби Лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» дар доираи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд пардохт карда мешавад.
Маблағи умумии ин Лоиҳа 26,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 25,0 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантиии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) агентии харид интихоб шудааст, харидорӣ ва таҳвили ваксинаҳо ба Тоҷикистон тавассути он идома дода мешавад.
Дар доираи татбиқи лоиҳа хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 дар ҳаҷми 3,4 миллион воя (доза) бо қуттиҳои бехатарӣ ва сӯзандоруҳо, хариди дигар таҷҳизоти тиббӣ, инчунин анҷоми тадбирҳо вобаста ба амалӣ намудани барномаи эмгузаронӣ ва идоракунии лоиҳа пешбинӣ шудааст.








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






