Дар вилояти Хатлон 51 адад иншооти гигиенӣ бо усули заҳкаши намуди дренажӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори сиюмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар зарфи шаш моҳи соли 2021 аъзои фаъоли ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ҷалби соҳибкорон, саховатмандон, вакилони мардумӣ ва сокинони маҳал 144,31 км роҳҳои байни кӯчаҳоро сангфарш ва 78,04 км роҳро мумфарш намуданд. Ҳамзамон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 111 муассисаи таълимии деҳот бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб таъмир карда шуда, сохтмони даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ барои муассисаҳои таълимии деҳаҳо идома дорад.
Ин матлабро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён зимни баргузории ҷамъомаде дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Литифзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раисони шаҳру ноҳияҳо иброз дошт.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
То 1 июни соли 2021 дар ҳудуди вилояти Хатлон бо ҷалби сокинон ва аъзои фаъоли ҳизб дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ беш аз 51 адад иншооти гигиенӣ бо усули заҳкаши намуди дренажӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 78 759 ҳазор ниҳол шинонида шуда, ба садҳо манзили истиқоматӣ қубури об васл гардид.
«Мояи сарфарозист, ки ба шарофати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аксари кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилояти Хатлон соҳиби биноҳои маъмурии ҳизбии 2-3- ошёна шуданд. Сохтмони аксари биноҳои маъмурии ҳизбӣ асосан аз ҳисоби соҳибкорону аъзои фаъоли ҳизб ба таври ҳашар амалӣ гардид. Метавон иброз намуд, ки дар вилоят тамоми шароити зарурӣ фароҳам гардида, фаъолияти идеологӣ тавъам бо тадбиқи ҳадафҳои олии стратегии давлатӣ ҳамарӯза рушд менамояд»,- изҳор дошт Қ. Миралиён.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Литифзода зикр намуд, ки ҲХДТ бо барномаҳои созандаи худ дар таҳкими рушди босуботи кишвар ва амалишавии стратегияҳои давлатӣ саҳми бориз дорад. «Имрӯз аъзои фаъоли ҳизб дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум корҳои созандагию бунёдкориро пеша кардаанд. Бо баргузор намудани номгӯи зиёди аксияҳо аз ҷониби аъзои фаъоли ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тозакориҳо баръало эҳсос мешаванд»,- гуфт А. Латифзода.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






