Дар вилояти Хатлон 51 адад иншооти гигиенӣ бо усули заҳкаши намуди дренажӣ ба истифода дода шуданд

Июль 13, 2021 14:27

ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори  сиюмин солгарди Истиқлоли давлатӣ  дар зарфи  шаш моҳи  соли 2021 аъзои фаъоли ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ҷалби соҳибкорон, саховатмандон, вакилони мардумӣ ва сокинони маҳал 144,31 км роҳҳои байни кӯчаҳоро сангфарш ва 78,04 км роҳро мумфарш намуданд. Ҳамзамон  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  111 муассисаи таълимии деҳот бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб таъмир карда шуда, сохтмони даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ барои муассисаҳои таълимии деҳаҳо идома дорад. 

Ин матлабро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён      зимни баргузории  ҷамъомаде дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки  муовини  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Литифзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раисони шаҳру ноҳияҳо иброз дошт.

Дар ин бора аз  шуъбаи иттилоот ва матбуоти  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

То 1 июни соли 2021 дар ҳудуди вилояти Хатлон бо ҷалби сокинон ва аъзои фаъоли ҳизб дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ беш аз 51 адад иншооти гигиенӣ бо усули заҳкаши намуди дренажӣ  ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин  дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят   беш аз 78 759 ҳазор ниҳол шинонида шуда, ба садҳо манзили истиқоматӣ қубури об васл гардид.

«Мояи сарфарозист, ки ба шарофати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аксари кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилояти Хатлон соҳиби биноҳои маъмурии ҳизбии 2-3- ошёна шуданд. Сохтмони аксари биноҳои маъмурии ҳизбӣ асосан аз ҳисоби соҳибкорону аъзои фаъоли ҳизб ба таври ҳашар амалӣ гардид. Метавон иброз намуд, ки дар вилоят тамоми шароити зарурӣ фароҳам гардида, фаъолияти идеологӣ тавъам бо тадбиқи ҳадафҳои олии стратегии давлатӣ ҳамарӯза рушд менамояд»,- изҳор дошт Қ. Миралиён.

Муовини  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Литифзода  зикр намуд, ки ҲХДТ бо барномаҳои  созандаи худ дар таҳкими рушди босуботи кишвар ва амалишавии стратегияҳои давлатӣ саҳми бориз дорад. «Имрӯз аъзои фаъоли ҳизб дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум корҳои созандагию бунёдкориро пеша кардаанд.   Бо  баргузор намудани номгӯи зиёди аксияҳо аз ҷониби аъзои фаъоли ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тозакориҳо баръало эҳсос мешаванд»,- гуфт А. Латифзода.

Июль 13, 2021 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд