Дар заминаи Академияи идоракунии давлатӣ магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолиятро самаранок ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрӣ тадбирҳои судманд амалӣ менамояд. Аз ҷумла, дар заминаи Академия магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода шуд. Раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки қабули довталабонро ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монад.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ба хабарнигорон изҳори назар намуд.
Зикр шуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 Академияи идоракунии давлатиро 883 нафар донишҷӯёну магистрантон бояд хатм менамуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 556 нафар зиёд мебошад. Аз 834 нафаре, ки дар аттестатсияи давлатии хатм иштирок намуданд, 808 нафарашон аз аттестатсияи давлатии хатм бомуваффақият гузашта, 26 нафар хатмкунандагон, мутаассифона, соҳиби баҳои ғайриқаноатбахш гардида, аз аттестатсияи давлатӣ нагузаштанд. Натиҷаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон нисбат ба соли гузашта 5,9% баланд шудааст. Аз шумораи умумии хатмкунандагони зинаи бакалавру магистратура 54 нафарашон бо дипломи аъло хатм намуданд, ки 10,1%-и умумиро ташкил медиҳад.
Абдухалил Ғафурзода вобаста ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ иброз дошт, ки Пажӯҳишгоҳ ҳамчун воҳиди сохтории Академияи идоракунии давлатӣ дар кори гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷиҳати пурсамар намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ нақши фаъол дорад.
Айни замон дар сохтори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ 4 маркази омӯзишии илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис дода шудаанд, ки ин Маркази таҳлил ва тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ; Маркази муқовимат бо коррупсия ва тадқиқоти сотсиологӣ; Маркази омӯзиши масоили муҳоҷират ва Маркази идоракунии лоиҳаҳо мебошанд.
Фаъолияти Маркази муқовимат бо коррупсия ва тадқиқоти сотсиологӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи Тоҷикистон равона шуда, самти кории Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия мебошад.
Дар нишаст зикр шуд, ки дар Академия 3824 донишҷӯ ва магистрант таҳсил менамоянд, ки 787 нафарашон тариқи ройгон ва 3037 нафар тариқи пулакӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






