Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши калидӣ дорад

Июль 22, 2021 16:02

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Саҳми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар татбиқи  ҳадафҳои стратегии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон- ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ  ва саноатикунонии босуръати кишвар бо омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаҳои муҳандисӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  дар ин самт  ниҳоят назаррас аст. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик  М. С. Осимӣ Қудрат Давлатзода  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Зикр шуд, ки  соли равон зинаи бакалавриат, мутахассис ва магистратураи Донишгоҳро  дар 35 кафедраи тахассусӣ  аз рӯи 72 ихтисос қариб 2400 нафар  муваффақона  ба итмом расониданд. Аз шумораи  умумии  донишҷӯёни хатмкардаи  донишгоҳ дар соли равон  ба 58 нафар бо тавсияи Комиссияи аттестатсионии хатм дипломи аъло дода шуд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода зикр намуд, ки   соли равон Комиссияи  қабули Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  тибқи муқаррароти пешниҳодгаштаи  нақшаи қабул 3216 нафар  довталабонро  аз рӯи 26 равия ва 33 ихтисос  тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба нақша гирифтааст. Аз онҳо  356 нафар буҷавӣ, 23 01 нафар шартномавӣ ва 559 нафар  фосилавӣ таҳсил мекунанд. Инчунин қабули 590 нафар магистрантон  пешбинӣ шудааст.

Алҳол дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон зиёда  аз 11 600 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо беш аз 600 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Заминаи моддию техникии донишгоҳ  сол аз сол мукаммал ва рушд  намуда,  алҳол дар донишгоҳ 1523 компютер, 384 принтер, 53 сканер, 10 сервер, 183 тахтаи интерактивӣ, 238 проектори  мултимедӣ, 23 телевизор, 310 камераи назоратӣ дар  толорҳои дарсӣ ва дигар техникаи иттилотию коммуникатсионӣ мавҷуданд, ки дар раванди таълим ва идоракунӣ аз онҳо ба таври самаранок истифода мегардад. Ҳамзамон тамоми  биноҳои таълимӣ ва қисми асосии бинои хобгоҳҳои донишгоҳ  ба шабакаи интернет пайваст мебошанд.

Июль 22, 2021 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд