ДЗЮДО. Темур Раҳимов ба даври 1/8-финали Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт

Июль 30, 2021 07:35

ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар 32-юмин Бозиҳои олимпӣ мусобиқа оид ба намуди дзюдо дар вазни +100кг миёни мардон оғоз гардид. Тоҷикистонро дар ин вазн Темур Раҳимов намояндагӣ дорад.

Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар даври аввал варзишгари мо бо дзюдочии кишвари Куба — Энди Гранда қувваозмоӣ намуд.  Дар ин сабқат Темур бар рақибаш пирӯз шуда, ба даври 1/8-финал роҳ ёфт.

Акнун дар даври мазкур Темур Раҳимов бо намояндаи Гурҷистон — Гурам Тушишвили вориди майдони набард мешавад.

АКС аз ТВ Варзиш

Июль 30, 2021 07:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод