Файзалӣ Аҳмадзода: Аз 142 чорабинии назоратии гузаронидаи Палатаи ҳисоб 83,2 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид

Июль 15, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 142 чорабинии назоратӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 83,2 млн. сомонӣ муайян намуд.  Аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 19,4 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,2 млн.сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 7,5 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 763 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 2,7 млн. сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳою пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷет 51,3 млн. сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 151 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода ба хабарнигорон баён дошт.

Файзалӣ Аҳмадзода иброз дошт, ки оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида тадбирҳои мушаххас андешида шуда, товони зарари молиявӣ ба маблағи 80,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 39 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 16,6 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки 97 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил медиҳад.

Дар нишаст гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар 4 ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳияи Нуробод, Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода ва Муассисаи давлатии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Норак» дар асоси дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чорабиниҳои аудиторӣ гузаронида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ ошкор гардид.

Инчунин захираҳо ва талафи буҷет аз ҳисоби ба инобат нагирифтани манбаъҳои андозбандӣ ба маблағи 1836,6 ҳазор сомонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ба қадри 368,5 ҳазор сомонӣ муайян гардида, бақияпулиҳои андоз ба маблағи 57,9 ҳазор сомонӣ, зиёдомади молу маводи арзишдор ба маблағи 28,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва муассисаҳо барқарор карда шуда, қарзҳои беасоси кредиторӣ ба маблағи 211,5 ҳазор сомонӣ ва маблағгузории сметаҳои хароҷотӣ ба қадри 41,2 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо дар маҷмӯъ 15 хулоса бо 119 тавсияҳои судманд ирсол карда шуда, аз баррасии онҳо бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоб 15 қарору фармонҳо қабул гардида, 84 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд.

Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд бо мақомоти олии аудити давлатҳои хориҷӣ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра созишномаи ҳамкориро бо мақомоти олии аудити Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Давлати Исломии Афғонистон ба имзо расонид.

 

Июль 15, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»