Файзалӣ Аҳмадзода: Аз 142 чорабинии назоратии гузаронидаи Палатаи ҳисоб 83,2 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 142 чорабинии назоратӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 83,2 млн. сомонӣ муайян намуд. Аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 19,4 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,2 млн.сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 7,5 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 763 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 2,7 млн. сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳою пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷет 51,3 млн. сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 151 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода ба хабарнигорон баён дошт.
Файзалӣ Аҳмадзода иброз дошт, ки оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида тадбирҳои мушаххас андешида шуда, товони зарари молиявӣ ба маблағи 80,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 39 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 16,6 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки 97 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил медиҳад.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар 4 ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳияи Нуробод, Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода ва Муассисаи давлатии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Норак» дар асоси дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чорабиниҳои аудиторӣ гузаронида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ ошкор гардид.
Инчунин захираҳо ва талафи буҷет аз ҳисоби ба инобат нагирифтани манбаъҳои андозбандӣ ба маблағи 1836,6 ҳазор сомонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ба қадри 368,5 ҳазор сомонӣ муайян гардида, бақияпулиҳои андоз ба маблағи 57,9 ҳазор сомонӣ, зиёдомади молу маводи арзишдор ба маблағи 28,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва муассисаҳо барқарор карда шуда, қарзҳои беасоси кредиторӣ ба маблағи 211,5 ҳазор сомонӣ ва маблағгузории сметаҳои хароҷотӣ ба қадри 41,2 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо дар маҷмӯъ 15 хулоса бо 119 тавсияҳои судманд ирсол карда шуда, аз баррасии онҳо бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоб 15 қарору фармонҳо қабул гардида, 84 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд.
Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд бо мақомоти олии аудити давлатҳои хориҷӣ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра созишномаи ҳамкориро бо мақомоти олии аудити Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Давлати Исломии Афғонистон ба имзо расонид.








Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд
Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид
Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир мегардад
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад






